Фактҳои обуҳаво

Рӯзҳои 13 то 15 августи соли ҷорӣ дар ғарбии ВМКБ (ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ) эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст.

Обу ҳаво дар Душанбе

14 август, ҷумъа
+36...+38°C
Қисман абрнок, Бебориш
15 август, шанбе
+37...+39°C
Қисман абрнок, Бебориш
16 август, якшанбе
+38...+40°C
Қисман абрнок, Бебориш
17 август, душанбе
+38...+40°C
Қисман абрнок, Бебориш
18 август, сешанбе
+38...+40°C
Қисман абрнок, Бебориш

Обу ҳаво дар Тоҷикистон

Дастовардҳои Агентии обуҳавошиносӣ

 дар пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

            Дар партави сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносӣ комёбиҳои назарраси соҳавӣ ба чашм мерасад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки санаи 7 августи соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар Агентии обуҳавошиносӣ студияи нави обуҳавошиносӣ ба истифода дода шуда, шуъбаи полигарфӣ пурра бо асбобу таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар ин раванд дар шӯъбаи полиграфӣ як утоқи нав кушода шуд, ки дар он таҷҳизоти нави замонавӣ  барои омода намудани маводи сершумори шабакаҳои обуҳавосанҷӣ ба таври назаррас имкон медиҳад. Ҳамзамон таҷҳизоти нав ба Агентӣ имкон медиҳад, ки буклетҳо, солномаҳо, китобҳои хурд, тақвимҳои деворӣ ва дигар маводи чопиро, ки барои идораи корӣ заруранд таҳия намояд. Дар ин раванд таҷҳизотҳои зерин насб карда шуданд: резограф, стиплери элекромагнитӣ, кунҷбур, мошини бандубасткунанда, сӯрохкунанда, таҷҳизоти буррандаи коғаз, таҷҳизоти ширешкунанда, плоттер, дастгоҳи ламинатсиякунонӣ, чопгар. Ҳамзамон дар ин раванд ҷойҳои кории ду мутахассис беҳтар гардонида шуда, мебел ва компютерҳои нав насб карда шуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ  Агентии обуҳавошиносӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст, ки яке аз онҳо ин студияи хурди обуҳавосанҷӣ (мини-метеостудия) мебошад. Студияи мазкур имкониятҳои васеъ дошта, барои пешкаш намудани обу ҳавои кишвар нақши босазое мегузорад. Яке аз имкониятҳои он дар ин мебошад, ки вақт сарфа шуда, бо сифати баланд дар худи Агентӣ пешгўиҳо омода ва сабт гардида, баъдан ба сохторҳои дахлдор интиқол дода мешаванд. Дигар ин ки метавон дар ин студияи метеорологӣ тамоми корҳои омодагардидаи сохторҳои Агентӣ, алалхусус соҳаи иқлимро метавон сабт намуд.  Дар ин раванд таҷҳизотҳои зерин насб гардиданд: камераҳои наворгирӣ бо сифати баланд, экрани интерактивӣ, ҷойи баромадкунӣ, таҷҳизотҳои равшаникунанда.

Ҳамчунин дар ин утоқи студия чӣ тавре, ки дар расм оврада шудааст, метавон бо ҳамроҳии ровӣ то 2-4 нафар мутахассисон нишаста баромад намоянд.

Харитаи обуҳаво

 

Аксҳо ва наворҳо

Пешгӯиҳо барои имрӯз

Бохтар +37...+39°C
Данғара +38...+40°C
Дарвоз +35...+37°C
Душанбе +35...+37°C
Кӯлоб +36...+38°C
Лахш +29...+31°C
Мурғоб +21...+23°C
Панҷакент +31...+33°C
Панҷ +37...+39°C
Рашт +31...+33°C
Хоруғ +31...+33°C
Ховалинг +32...+34°C
Хуҷанд +34...+36°C

Хизматрасонӣ

Хабарҳои охирин

Озмунҳо

Агентии

     Гости мира

Flag Counter