Маркази омўзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озон

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, мавҷудияти қазияи тағйирёбии иқлим ва зарурияти якҷоя ва глобали амал намуданро эътибор намудаааст. Қадами асосӣ дар ин самт қабул намудани Конвенсияиқолибии Созмони Миллали Мутаҳид оид ба тағйирёбии иғлим ва Протоколи Киото ба ҳисоб мераванд. Айни замон зиёда аз 190 кишвар ба Конвенсияи қолибии Созмони Миллали Мутаҳид оид ба тағйирёбии иқлим шомил гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи қолибии Созмони Миллали Мутаҳид оид ба тағйирёбии иғлимро соли 1998 ва Протоколи Киоторо соли 2008 ба тавсиб расонида, уҳдадориҳоро ҳамчун кишвари ба Замимаи I ворид нагашта ба зимма гирифт.

http://unfccc.int/parties_and_observers/parties/non_annex_i/items/2833.php

 Дар Тоҷикистон асоси ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ барои амалҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ба тағйирёбии иқлим вобаста буда равона гардидаанд, ташкил шудааст. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Товикистон чораҳои ба тағйирёбии иқлим вобастаро дар сатҳи миллӣ ҳамоҳангсози менамояд. Бо ин мақсад соли 2004 Маркази омўзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озон барои ҳамоҳангсозӣ ва иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Конвенсияи қолибии Созмони Миллали Мутаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ташкил карда шуд.

Вазифаҳои асосии Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озон:

  • Ҳамоҳангсозии таҳияи кадастри миллии партови газҳои гулхонгӣ, арзёбии осебпазирӣ ва мутобиқшавӣ, иштирок дар рушди шабакаи огоҳисозии қаблӣ, ҳамкори бо маркази минтақаи Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани дониш ва татқиқотҳои илмӣ;
  • Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба омўзиши тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Товикстон;
  • Иштирок дар амалисозии стратегияҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ, ин чунин нақшаҳои амал оид ба тағйирёбии иқлим;
  • Таҳияи лоиҳаҳо ва ташкили корҳо оид ба тағйирёбии иқлим;
  • Таҳияи ахборотҳои миллӣ, лоиҳаҳо ва дигар намуди ҳуҷҷатҳо оид ба тағйирёбии иқлим;
  • Ташкил ва гузаронидани чораҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист.

 Дар доираи уҳдадориҳои худ Тоҷикистон се ахбороти миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар назди Конвенсияи қолибии Созмони Миллали Мутаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пастнамудани оқибатҳои тағйирёбии иқлимро (НМА 2003) омода намуд. Айни замон корҳо оид ба таҳияи ахбороти чоруми миллӣ ва аввалин ҳисоботи дусолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Конвенсияи қолибии Созмони Миллали Мутаҳид оид ба тағйирёбии иқлим амали гашта истодаанд. Натиҷаи татқиқотҳои миллӣ оид ба осебпзирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки дар доираи ахборотҳои миллӣ гузаронида шуданд, дар таҳияи дигар лоиҳаҳо, ба мисли Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшави ба тағйирёбии иқлим (БПМТИ-2010) саҳми арзнда гузоштаанд.

Омили тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои онро эътибор намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли ин қазияҳо қадамҳои муҳимро қабул намуда, инчунин тамоми кушишро барои паст намудани хатари дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд омада равона намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми миллии худро барои чораҳои ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим равонагардида таҳия намуда ба Конфренсияи 21-уми тарафҳо, ки соли 2015 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардид пешниҳод намуд.  Дар ин Конфренсия, тарафҳо ҳуҷҷат асосӣ, Созишномаи Парижро, ки Протоколи Киоторо иваз менамояд тасдиқ ва қабул намуда, мақсад гузоштанд, ки барои баланд гардидани ҳарорати миёнаи сайёра, нисбат ба давраи то индустриалӣ то соли 2100 аз 1,50С роҳ надиҳанд. Пралумони Тоҷикистон Созишномаи Парижро 16 феврали соли 2017 ба тавсиб расонид.

http://unfccc.int/paris_agreement/items/9444.php

http://newsroom.unfccc.int/unfccc-newsroom/tajikistan-submits-its-climate-action-plan-ahead-of-2015-paris-agreement

Дар қатори чораҳои миллӣ, дар якҷояги бо агентиҳои байналмилалии рушд лоиҳаҳо оиди устуворӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ гашта истодаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ҳамчун Мақомоти ваколатдори миллӣ дар назди Фонди иқлимии сабз таъин намуд. Котибот ва  Гурўҳи корӣ аз намояндагони вазоратхо, барои дида баромадан, қабули лоиҳаҳои миллии ва пешниҳоди он ба Фонди иқлимии сабз, ташкил карда шуд. 

 

Радҷабов Насимдҷон Шарифдҷонович

Сардори Маркази тағйирёбии Иқлим ва қабати Озон 

Тел/факс: +992 37 2276181

Моб: +992 939991001

Почтаи эл: nasim.rajabov@gmail.com

Шодмонов Музаффар Турсунович

Муовини сардори Маркази тағйирёбии Иқлим ва қабати Озон

Тел/факс: +992 37 2276181

Моб: +992 935030090

Почтаи эл: mshodmonov@gmail.com