Шӯъбаи агрометеорологӣ

Дар охири асри XIX соҳаи нави метеорология ба вуҷуд омад, ки ҳоло онро агрометеорология номиданд, ки он шарҳҳои метеорологӣ, иқлимшиносӣ ва гидрологияро омўхта, таъсири онҳоро ба объектҳо ва ба раванди истеҳсолии зироати кишоварзӣ нишон медиҳад.

Якумин маркази илмии методӣ оид ба обуҳавои хољагии қишлоқ (агрометеорология), 7 январи соли 1897 дар назди департаменти кишоварзии Руссия бо ташаббуси профессори Университети Киев Браунова П.И., ташкил карда шуд.

Барои таъмини устувори ҳосили зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва маҳсулнокии чорводорӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои соҳаи кишоварзӣ асоснок ҷорӣ кардани системаи мушоҳидаи агрометеорологӣ зарур аст. Якумин маротиба дар  Тоҷикистон  дар  назди  Агентии  обуҳавошиносӣ хизматрасонии агрометеорологӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ соли 1930 оғоз гардид.

Кор карда баромадани чунин системаи чорабиниҳо оид ба шароити сабзиши растаниҳои хоҷагиҳои қишлоқ ва сабзиши алафҳои чарогоҳ ва шароити гузаронидани корҳои хоҷагии қишлоқ, чаронидани чорво, дониш ва ҳисоби агрометерологиро талаб менамояд. Бо ин мақсад хоҷагиҳо на танҳо маводҳои нуқтаҳои обуњавосанҷӣ ва агрометео- реологиро балки ҳуҷҷатҳои мушоҳидавии нуқтањои мазкур, ки дар хоҷагиҳо мебошад, бояд истифода баранд.

Маълумотҳои мушоҳидаҳои агрометереологӣ, ки новобаста дар нуқтаҳои обуҳавосанҷии минтақањо мавҷуд аст ва шароити боду ҳаворо ба назар гирифта чорабиниҳои гуногун тартиб додан лозим меояд. Масалан маълумот оиди гармии қабати замини шудгоршаванда, дар давраи баҳор муайян намуда, вақти муносиби кишти зироатҳои гармидўст, доштани маълумот дар бораи намнокии қисми болоии замин, барои дуруст ва дар кадом чуқурӣ коштани тухмӣ, сари вақт огоҳонидани вазъи номусоиди боду ҳаво, хусусият ва дараљаи зарарбинии растанӣ дар ҳамин шароит (ба мисоли яхбандӣ, паст шудани ҳарорати ҳаво), дар ҳолати зарурӣ мубориза бурдан ва солим нигоҳ доштани кишт аз зарарёбӣ ва талафи он аз ҳодисаҳои метеорологӣ ба ҳисоб меравад.

Мушоҳидаҳои агрометеорологӣ алоқаманди доранд бо параметрҳои метеорологӣ (ҳарорати ҳаво, намнокии ҳаво, боришоти атмосферӣ ва ғайраҳо), намнокии хок, ҳолат ва ҳосилнокии минтақаҳои хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб меравад.

Вазифаи асосии мушоҳидаҳои агрометеорологӣ алоқамандии мунтазам дар вақти муайян гузаронидани мушоҳида ва вазъияти тағйирёбии ҳолатҳои агрометео- рологӣ ва тағйирёбии нашъунамои баланди зироат, ҳолати зироатҳои кишоварзӣ бо элементи ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мебошад.

Бояд қайд намуд ки дар ин соҳа якумин сардори шуъба мутахассиси ҷавон, хатмкардаи Институти гидрометеорологии Одесса В.Н.Лищенко буд.

Дар аввали ташкилёбии ин соҳа мушоҳидаҳои агрометеорологӣ дар ҷумҳурӣ заминҳои пахтакорӣ дар масоҳати  116  ҳазор  гектар  мављуд  буд.  Мушоҳидаҳои агрометеорологӣ оид  ба  зироатҳои  кишоварзӣ  дар нуқтаҳои алоҳида ва дар ноҳияҳои пахтакор гузаронида мешуд. Вобаста ба инкишоф ёфтани чорводорї дар ҷумҳурӣ моҳи сентябри соли 1934 аввалин маротиба мушоҳидаи агрометеорологӣ дар соҳаи чорводорӣ оғоз ёфт. Дар ин муддат бо мушкилӣ корҳо идома ёфт ва аз соли 2009 инҷониб ба кор пурра шурўъ намуда, маълумотҳои даҳрўза ва моҳонаи агрометеорологиро ба вазорату идорањои ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд.

Дар соли 1958 роҳбарони шўъба Н.В.Куликова ва Р.А. Антохина ба шумор мерафтанд. Ин мутахасисони ҷавони соҳибмаълумот аввалан оиди таъмини маълумотњои агрометеорологӣ дар соӣаи хоҷагии қишлоқро васеъ ба роҳ монда,  аввалин  маротиба  тарзи  пешгўии  агрометео-рологиро барои шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар таи солҳои 1974 то 1990 маълумотҳои агрометеорологӣ аз 74 нуқтаҳои обуҳавосанҷӣ ва 9 дидбонгоҳҳо ва боқимонда нуқтаҳои обуҳавосанҷӣ танҳо маълумотҳои метеорологиро ба марказ равон мекарданд.

Дар қитъањҳои мушоҳидавии агрометеорологӣ корҳои озмоиши зироатҳои хоҷагии қишлоқ гузаронида мешуд, ки натиҷаи корҳои ба анҷом расида ҳар даҳрўза дар бюллетени агрометеорологӣ оид ба шарҳи шароити агрометеорологӣ барои ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ пешниҳод мегардид.

Мутахассисони шуъба чунин пешгўиҳоро ба роҳ монда буданд:

  • Захираи намии қабати  хок аз фасли  баҳор.
  • Мўҳлати  гулкунии  юнучқа ва алафҳои  табиӣ.
  • Мўҳлати пухта расидани зироатҳои ғаладонагӣ.
  • Ба  ҳисоби миёна муайян намудани ҳосили ғалладонагиҳо ва зироатҳои  лубиёгӣ.
  • Оид ба ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ.
  • Маълумот оиди мавҷуд будани намноки хок пеш аз коридани зироатҳои кишоварзӣ.
  • Маълумот дар бораи обуҳаво барои зироатҳои хоҷагии қишлоқ ҳангоми зарарбинии онҳо аз сармои бармаҳал, хушксолӣ, ҳангоми боридани боронҳои сел ва ғайраҳо.