Шӯъбаи бойгонии иттилоотии обауҳавошиносӣ

Бо маwсади ба роo мондани корoои илмию пажуҳишӣ саривақт интиқол додани маълумотҳои мушаххаси обуҳаво ба хоҷагии халқ, истеҳсолот, иқтисодиёт соли 1958 бонки иттилоот таъсис ёфтааст. Дар бонки иттилоот тамоми маводҳои лозима дастуру, ҳуҷҷатҳои муњими соҳаи обуҳавошиносӣ оиди Тоҷикистону Осиёи Маркази тўли ин солҳо нигоњ дошта шудаанд. Бонки иттилоот дар утоқҳои махсус  дорои  беш  аз  44000 маъхазҳои зарурии  метеорологӣ, гидрологӣ, актинометрӣ, аэрологӣ, агрометеорологӣ мебошад. Ва натиҷаҳои экспедитсияҳоро дар худ маҳфуз доштаанд. Ҳамаи маълумотҳои вазъи тағйирёбии иқлим ва муҳити зист ва обуҳаво дар қомусномаҳо, маълумотномаҳо, солномаҳо мураттаб шудаанд. Ва ин ҳуҷҷатҳо ба таври доимӣ нигоҳдорӣ хоҳанд шуд. Натиҷаи мушоњидаҳои илмӣ дар шуъбаи мазкур маҳфуз мемонад. Дар Шуъбаи бойгонии иттилоотии Маркази обуҳавосанҷӣ сохтори  Агентии  обуҳавошиносӣ  ҳамчунин  10000  нусха адабиётњои гуногуни илмӣ-техникӣ гирд оварда шудааст.

 

Вазифаи асосии Шуъбаи бойгонӣ ин ҷамъ овардан ва нигоҳдории маводҳои оморӣ оид ба самти обуҳавошиносӣва муҳити зист, ки дорои аҳамияти илмӣ ва таърихию хоҷагидорӣ, инчунин талаб намудани маводи оморӣ аз зерсохторҳои Агентии обуҳавошиносӣ, ҷобаҷогузорӣ ва ба расмият даровардани онҳо, ҳамкорӣ бо шахсони ҳуқуқї ва инфиродӣ дар соҳаи фаъолияти оморӣ ва бойгонӣ, таъмини мутахассисони зерсохторҳо бо ҳуҷҷатҳои арзишнок ва оморӣ барои истифода ва омўзиш, дохил намудани маълумоти метеорологӣ, аэрологӣ, гидрологӣ иқлимӣ агрометеорологӣ ва ғайра ба техникаи муосир мебошад.

Айни замон дар шуъбаи мазкур панҷнафар мутахассис фаъолият намуда истодаанд, ки фаъолияти кормандони шуъба аз таҳлил ва омўзиши ахбори метеорологӣ, аэрологӣ, гидрологӣ, агрометеорологӣ ва дигар маводҳои аз зерсохторҳои Агентї воридгардида, ҳамкорӣ бо зерсохторҳои Агентӣ оид ба сохтани мундариҷаи мавод ба бойгонӣ дохилшаванда иборат аст. Ҷамъоварии силсилабанди ҳисобот ва ташкили истифодаи маводи омории бойгонӣ барои мутахассисони Агентӣ ва берун аз он, таъмини муҳофизати дарозумрии ҳуҷҷатҳои бойгонии ба расмият даровардашуда оид ба соҳаи обуҳавошиносӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини шароити табиӣ нигоҳдории маводи бойгонӣ нусхаҳои қоғазӣ ва электронӣ.

 

 Дар тўли 10-соли охир Шуъбаи бойгонии иттилоотии Маркази обуҳавошиносӣ, ки яке аз сохторҳои Агентии обуҳавошиносӣ мебошад, ба натиҷаи назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, дар доираи амалӣ гардидани барномаи мукаммалсозии Агентии обуҳавошиносӣ ва бо дастгирии Бонки рушди ҷаҳонӣ бинои бойгонӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, бо техника ва технологияи нави муосир муҷаҳҳаз  гардид.  Аз доштани иқлими дохили ҷумла,  4  адад  асбоб  барои  нигоҳ шуъба, ду адад кондитсионер, 1 адад  асбоб барои нусхабардории тамғаи «EPSON», ду асбоби калони нусхабардор тамѓаи «book 2 net» имконият дод, ки бо кўшишу ѓайрати кормандон зиёда аз 500 ҳазор нусхаҳои китобњои махсуси обуҳавосанвӣ нусхабардорӣ карда шуда аз намуди хаттӣ ба таври электронӣ гузаронида шуд, ки барои нигоҳ доштани маълумотҳо айни муддаост.