Шӯъбаи метеорологӣ

Дар таърихи 90 - соли фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ кормандони он дар роҳи мушоҳида ва дастрасии маълумотҳои аниқ ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаанд.

Дар тамоми давраи мушоњидаҳои метеорологӣ дар Тоҷикистон бештар аз 80 стансия ва 20 дидбонгоҳ кушода шудааст. Баъзе стансияҳо тобеъияти ин ё он идораро доштанд ва барои таҳқиқоти мухтасару махсус дар назар гирифта шуда буданд.

Мушоҳида дар стансияҳои метеорологии кишвар ба таври шабонаруӣ анҷом мегирад ва шомили андозагирии ҳарорат, намнокию фишори ҳаво, ҳарорати хок, миқдори бориш, муайян кардани навъ ва миқдори абр, ҳадди дурбинӣ аз ҷиҳати метеорологӣ, самту суръати шамол, баландии барф, маълумоти иќлим ва офати табиӣ, фенологияи растаниҳо, радиатсияи замин, навъи падидаҳои атмосферӣ ва ғайра аст. Ҳамаи маълумотҳои обуҳаво аз стансия ба воситаи алоқа ба маркази автоматикии алоқаи Агентӣ омада мерасанд. Қабули маълумот аз тариқи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои алоқаи худӣ (маркази комутатсионии алоқа, радиостансия, телефон ва почтаи электронию интернет) амалӣ мегардад.