Шӯъбаи коммуникатсиони

Вазифаи асосии шуъбаи мазкур қабул ва пешниҳоди маълумотҳои гидрологию метеорологӣ, агрометеорологӣ, радиатсионӣ ва дигар маълумотҳои зарурӣ аз стансияҳои мухталифи Агентӣ мебошад.

Шуъба дар тамоми фасли сол маълумотҳои фавриро дастрас намуда, ба тамоми шуъбаю зерсохторҳои Агентӣ саривақт равон менамояд. Метавон шуъбаро «дили» Агентии обуҳавошиносӣ номид. Зеро шуъбаи пешгўии обуҳавосанҷӣ бе маълумоти фаврии дастрасшуда, обу ҳаворо ба аҳолии кишвар пешкаш карда наметавонад.

Агар ба таърихи на чандон дури фаъолияти шуъба назар афканем мебинем, ки дар солҳои пеш аз таҷҳизоти кўҳна ва воситаҳои алоқа, радиостансияҳои Ангара-1, Кодан, Кенвуд, ВИП ва телефонии рўи мизӣ бароиқабули маълумот истифода бурда мешуд. Ин гуна тарзи корбарӣ албатта каме мушкилиҳои худро дошт. Кормандони шуъба аз набудани шунавоӣ ва халал ворид шудан дар басомадҳо азият доштанд. Аммо бо гузашти замон то ба имрўз шуъбаи Коммуникатсионӣ ботаҷҳизотҳои навтарин ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Имрўз дар басомади дараҷи 5, ки нисбатан беҳтар аст, роҳхат тариқи радиостансия маълумотҳо қабул карда мешаванд. Тарзи дигари қабули ахборот ва ё маълумотҳо тариқи телефону смс ба роҳ монда шудааст.

        

 Бояд қайд намуд, ки дар солҳои охир дар шуъба таљҳизотњои нав ба монанди радиостансия«Vertex-1700», телефонҳои мобилӣ, системаи Юнимас 7.1 насб карда шудаанд. Ин таҷҳизотҳои навини асри 21 ба шуъба имкон медиҳад, ки тарзи пурзур намудани соҳаи алоқа ва таъмини саривақти маълумоти гидрометеорологӣ хуб ба роҳ монда шавад. Дар шуъбаи Коммуникатсионӣ дар доираи шартномаи байналмилалӣ барои қабул ва равон намудани маълумотҳои гидрометерологӣ  ба  маркази  минтақавии Тошканд ва Москаваю Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (ТУМ), системаи Юнимас истифода бурда мешуд. Дар доираи Лоиҳаи мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи «С» системаи нав «Митра» ва «Гис-метео» гузошта шуд. Ин системаи нав ба шуъба имкон дод, ки бе истифодаи Юнимас маълумотҳои гидрометеорологиро бо хати  нав  ба  Москва  мустақим фиристонида шавад . Яъне пештар маълумотҳои гидрометеорологиро ба  маркази  минтақавии  Тошканд баъдан ба Москваю Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (ВМО) фиристонида мешуд, аммо бо системаи нави «Митра» маълумотҳои гидрометеорологиро мустақим ба Москва ва ТУМ (ВМО) фиристонида мешаванд. Шуъба бо васли ин системаҳои нав ба дастовардҳои хуби корӣ низ ноил гашта аст.

Дар доираи барномаи мазкур, ташкили базаи ҷамъоварии маълумотҳои мушоҳидавӣ аз тамоми стансияҳои гидрометеорологии Тоҷикистон ба анҷом расид, ки ин имконият медиҳад њамаи маълумотҳо чун бойгонӣ нигоҳ дошта шаванд. Насби дигари барномаву таҷҳизотҳо ва техникаҳои замонавӣ дар шуъбаи мазкур идома дорад.