Шӯъбаи компютери

Шуъбаи компютерӣ яке аз шуъбаҳои лозимии Агентӣ ба шумор рафта, тамоми раёсатҳо, марказҳо ва шабакаҳои Агентиро бе истифодаи техникаи компютерӣ тасаввур намудан душвор аст. Вазифаи шуъба тамоми техникаи компютерии Агентиро бо барномаҳои компютерӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ таъмин ва таъмир намудан мебошад. Шуъба дар тӯли фаъолияти кориаш як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

              

Дар доираи Лоиҳаи мукамалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ ҷузъи «С» дар шуъба сервери Маркази ҷамъоварии маълумотҳои мушоҳидавӣ МҶММ васл карда шуд, ки сервери МҶММ маълумоти стансияҳои автоматикиро қабул менамояд. Системаи нави сервер ва моҳвораи «Митра», «Гис-метео» ва «Клайва» васл карда шуд. Ин системаи нав барои шуъба имкон дод, ки бе истифодаи Юнимас маълумотҳои гидрометеорологиро бо хати нав саривақт ба Москва мустақим фиристад. Ҳамчунин шуъба дар Вилояти Суғд сервер ва моҳвораи Митра насб намуд, ки мутахассисон бо тамоми барномаҳои замонавӣ кор карда нозукиҳои онро аз худ намудаанд.