Шӯъбаи маркетинг ва рушд

Шуъбаи маркетинг ва рушд бахши навтаъсис ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он таъмини вазорату идораҳои давлатию хусусӣ бо маълумоту ахборотҳои соҳаи обуҳавошиносӣ, ҳолати муҳити зист, бастани шартномаҳо ва ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ мебошад.

Дар соли 2016 Агентии Обухавошиносӣ якҷоя бо хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархномаи нави хизматрасонӣ вобаста ба «маълумоти гидрометереологӣ ва иттилоот дар бораи муҳити зист»-ро қабул ва тасдиқ кард. Нархномаи нав ба шуъба имконият дод, ки бо ширкату корхонаҳо дар асоси нархномаи мазкур шартнобандӣ намуда барои рушди босуботи Агентӣ саҳми худро гузорад.

Дар тӯли фаъолияти худ шуъбаи маркетинг ва рушд корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Ҳамзамон бо бисёре аз муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳо ва ширкатҳо ҳамкорӣ намуда бо онҳо шартномаҳои тарафайн бастаанд. Аз он ҷумла; бо Ширкати саҳҳомии холдингии кушода (ШСХК)

«Барқи Тоҷик», Вазорати нақлиёт, Филлиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшенз» дар Ҷумхурии Тоҷикистон ва инчунин бо ширкатҳои ғайридавлатӣ, шабакаҳои радио ва телевизион, институт ва маарказҳои илмӣ  низ ҳамкории зич дорад.

Шуъба ба нақша гирифтааст, ки минбаъд барои пурзур намудани соҳаи маркетинг ва рушд бо саволномаҳо ба истифодабарандагон маълумоти гидрометеорологӣ пешниҳод намояд ва семинар-машваратҳо баргузор созад.

Дар замони иқтисоди бозоргонӣ ва ҷаҳонишавии ҷомеъа фаъолияти маркетингиро дар тамоми соҳаҳо дидан мумкин аст. Дар оянда умед аст, ки рушди муътадили шуъба ба пешрафти минбаъдаи Агентӣ мусоидат менамояд.