Раёсати таъминот ва хоҷагӣ

Раёсати таъминот ва хоҷагӣ зерсохтори Агентии обуҳавошиносӣ ба ҳисоб рафта фаъолияташ ба таъмин намудани Агентӣ ва сохторҳои он бо маводҳои лозима, аз қабили маводҳои дафтардорӣ, хоҷагидорӣ, ғизоӣ, таҷҳизотҳои соҳавии обуҳавошиносӣ, маводҳои сўхт ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ (тибқи имкониятҳои мавҷуда) барои кормандон равона карда шудааст.

Раёсат аз чор шуъба: шуъбаи таъмиру барқарорсозҳ, таъминот, маъмурӣ хоҷагӣ, нақлиёт ва гурўҳи фаврии чопӣ иборат мебошад. Кормандони  раёсатро асосан мутахассисони пуртаҷрибаю кордон ва дорои малакаи баланди касбӣ ташкил медиҳанд.

Бояд тазакур дод, ки дар қиёс ба солҳои пешин таъминоти шабакаҳо бо маводу таҷҳизотҳои лозима сол то сол беҳтар шуда истодааст. Имрўзҳо мушкилоти кашонидани маводу таљҳизотҳои лозима пурра аз байн бардошта шудааст. Ҳамасола тариқи воситаҳои нақлиёти боркаши  Раёсат  садҳо тонна маводу таҷҳизотҳои лозима барои эҳтиёҷоти шабакаҳои давлатии Агентӣ новобаста аз мавқеъи ҷойгиршавиашон кашонида мешаванд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки қисмати зиёди шабакаҳои давлатии Агентии обуҳавошиносӣ дар манотиқи кӯҳсори Ватани азизамон Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Кормандони Раёсат тибқи имкониятҳои мавҷуда бо мақсади бе камбудӣ гузаронидани фасли тирамоҳу-зимистон шабакаҳои давлатии Агентиро  то саршавии фасли сармо бо маводҳои дафтардорӣ, хоҷагидорӣ,  ғизоӣ,  ангиштсанг, таҷҳизотҳои кори, қисмҳои эҳтиётӣ, китобчаҳои кории соҳавӣ ва дигар номгўи маводҳои ниёзи авалла сари ваут таъмин намуда истодаанд.

 Ҳамасола ҳазорҳо адад китобчаҳои кории соҳави барои эҳтиёҷоти шабакаҳои давлатии  обуҳавосанҷӣ аз тарафи мутахассисони Раёсат аз чоп бароварда мешавад.

 Кормандони раёсат кўшиш намуда истодаанд, ки вазифаҳои ба зимаашон гузошташударо  саривақт ва бе камбуди иҷро намоянд.