Шарҳи экологӣ
Сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ

Тибқи маълумоти Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21-июни  соли 2021 сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферии шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рӯзи гузашта каме тағйир ёфт. Ҳолати   баланд ва ниҳоят баланди ифлосшавии ҳаво ба қайд гирифта нашудааст.

Консентратсияҳои моддаҳои назоратшаванда.

Нисбати шабонарӯзи гузаштанишондоди миёнаи шабонарӯзии моддаҳои мушоҳидашаванда чунин тағйир ёфт:

дар ш. Душанбе Дар қисмати марказии ш.Душанбе.

Баландшавӣ; моддаҳои муаллақ (чанг) аз 1,3 то 3,5; зарачаҳои андозаашон 10 мкр (РМ-10) аз 5 то 1,2; (РM-2,5) аз 0,83 то 0,11; оксиди карбон (CO) аз 0,71 то 0,61; формалдегид (СН2О)  аз 0,73  то 0,4; дуоксиди сулфур (SO2) аз 0,38 то 0,08; оксиди нитроген (NO) аз 0,1 то 0 ;  дуоксиди нитроген (NO2) аз 0,27 то 0,12; ҷамъи дуоксиди нитроген ва сулфур (NO2+SO2) аз 0,08 то 0,07 ҲМҒм.шр.   

 


 

дар ш. Хуҷанд

Дар ш.Хуҷанд.Баландшавӣ; дуоксиди сулфур (SO2) аз 0,02 то 0,04; дуоксиди нитроген (NO2) аз 0 то 0,02 ҲМҒм.шр.  Пастшавӣ; моддаи муаллақ (чанг) аз 0,13 то 0; ҷамъи дуоксиди нитроген ва сулфур (NO2+SO2) аз 0,09 то 0,01 ҲМҒм.шр.     

дар ш. Гулистон (ш.Қайроққум)

Дар ш.Гулистон.

Баландшавӣ; дуоксиди сулфур (SO2) аз 0,02 то 0,04 ҲМҒм.шр. Пастшавӣ; моддаҳои муаллақ (чанг) аз 0,13 то 0 ҲМҒм.шр. Бетағир монданӣ; дуоксиди нитроген (NO2) 0; ҷамъи дуоксиди нитроген ва сулфур (NO2+SO2) 0,09 ҲМҒм.шр.

 дар ш. Бохтар (ш.Қурғон-теппа)

Дар ш.Бохтар

Баландшавӣ; дуоксиди сулфур (SO2) аз 0,4 то 0,42 ҲМҒм.шр.   Пастшавӣ;  дуоксиди нитроген (NO2) аз 1 то 0,75;  ҷамъи дуоксиди нитроген ва сулфур (NO2+SO2) аз 0,51 то 0,35 ҲМҒм.шр.  

дар ш. Турсунзода

 Дар ш.Турсунзода.

Баландшавӣ; дуоксиди сулфур (SO2) аз 0,14 то 0,18; дуоксиди нитроген (NO2) аз 0,2 то 0,27; дуоксиди нитроген ва сулфур (NO2+SO2)  0,11 ҲМҒм.шр. Пастшавӣ;  моддаи муаллақ (чанг) аз 0,43 то 0,4; фториди гидроген (HF) аз 0,31 то 0,24 ҲМҒм.шр.  

 Эзоҳ: - Дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосфера бо роҳи муқоисаи консентратсияи омехта (мг / м3) бо ҲМҒ ҳисоб карда мешавад.

- ҲМҒ - ҳадди муайяни ғилзат.

- ҲМҒм.ш - ин чунин консентратсияи моддаҳои ифлоскунандаест, ки ҳангоми ба организми одам ҳар рӯз дучор омаданаш ягон тағйироти ҷиддӣ дар он ва ё бемориҳоро ба вуҷуд намеорад Консентратсияи моддаҳои ифлоскунанда дар ҳавои атмосфераи минтақаҳои аҳолинишин набояд аз ҳад зиёд бошад.

- ИБ (ифлосшавии баланд) - консентратсияи як ё якчанд моддаҳо аз ҲМҒ 10 маротиба ва зиёда аз он аст.

-ИНБ (ифлосшавии ниҳоят баланд) - консентратсияи як ё якчанд моддаҳо аз ҲМҒ 50 ва аз он зиёдтар аст.