Пешгӯии обу ҳавои кишвар барои моҳи сентябри соли 2020

 

                              

Вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо  аз меъёри иқлимӣ 10 баланд пешгӯи шуда, дар водиҳо 20+230 гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 18+190 гармиро ташкил медиҳад.

Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 12+170 гарм, дар рӯзҳои алоҳида дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон то 17+220 гарм, рӯзона 30+350 гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 33+380 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+160 гарм, рӯзона 25+300 гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ эҳтимолияти пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона 10+150 гарм, рӯзона 27+320 гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+120 гарм, рӯзона 19+240 гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри муқаррарӣ кам пешгӯӣ мешавад (меъёр дар водиҳо 0,5-5мм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 4-9мм). Боронҳои кӯтоҳмуддат бо раъду барқ эҳтимолан дар нимаи дуюми моҳ ба амал омӯянд.

Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, рӯзҳои алоҳида вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 17-22м/с дар назар буда, дар водиҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

 

Вилояти Суғд

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуд, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 10 баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 19+220 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 12+160 гармиро ташкил медиҳад.

Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 13+180 гарм, рӯзона 31+360 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+110 гарм, рӯзона 22+270 гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона 10+150 гарм, рӯзона 25+300 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+70 гарм, рӯзона 18+230 гарм мешавад. Рӯзҳои алоҳида воришавии кӯтоҳмуддати мавҷи ҳавои сард ва пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10+150 гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Миқдори моҳонаи боришот дар водиҳо аз меъёри иқлимӣ кам дар назар дошта мешавад (меъёр 3-8 мм), дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад (меъёр 5-11мм). Боридани боронҳо бо раъду барқ эҳтимолан дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ ба амал оянд. Дар баъзе ноҳияҳо ҳангоми раъду барқ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с дар назар аст.

 

Ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 15+200 гарми (дар ноҳияҳои Дарвоз +240 гарм)-ро ташкил медиҳад.

 Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво шабона 11+160 гарм, рӯзона 27+320 гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона аз 8+130 гарм то 2+70 гарм, рӯзона аз 20+250 гарм то 13+180 гарм мешавад.

Эҳтимолияти бавуҷудоии боришоти кӯтоҳмуддат дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пешгӯӣ шуда, миқдори моҳонаи боришот дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр баланд дар назар дошта шудааст (меъёр барои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 5-19мм, ғарби ВМКБ 1-3мм).

Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, рӯзҳои алоҳида шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад.

.

Ноҳияҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ҳорорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ дар назар дошта шуда, 5+70 гармиро ташкил медиҳад.

Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво шабона 1+60 гарм, дар баъзе ноҳияҳо то -3+20, рӯзона 13+180 гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона 2-70 хунук, рӯзона то 8+130 гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ шуда (меъёр 2-10мм), боришот асосан дар нимаи дуюми моҳ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо шамол бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад.

 

  Соли монанд2015

 


Хабарҳои охирин